Ризқи даҳани теғ буд ҳар гулӯ ки ҳаст

Қолаби тиҳии з санг кунад ҳар сабу ки ҳаст

Натавон ба ҳар ду дасти сари худ нгоҳдошт

Бозича муҳӣт шавад ҳар каду ки ҳаст

Восил ба баҳр мешавад ин ҷӯйборҳо

Дар пои хам шикаста шавад ҳар сабу ки ҳаст

Чун ғунча ҳар қадар ки гиреҳи сахт тар кунӣ

Охир ба бод меравад ин рангу бӯ ки ҳаст

Чандон ки мебаранд фурӯрафтагон ба хок

Як зарра кам намешавад ин орзӯ ки ҳаст

Аз баҳр , бе талаби садафати пар гуҳар шавад

Гирдоварӣ агар кунӣ ин обрӯ ки ҳаст

Мо аз вузӯ ба шустани даст аз ҷаҳон хушем

Пайвастаи тоза рӯй буд ин вузӯ ки ҳаст

Чандон ки мардумон ба сухан дил наме диҳанд

Мо бас намекунем азин гуфтугӯ ки ҳаст

Соиби зи нозу неъмати дунёии пари фиреб

Моро басаст ин дил беорзӯ ки ҳаст