Дилҳои ғами надидаи пазироӣ панд нест
Онҷо ки дард нест , сухан сӯдманд нест
Бисёр чора ҳаст ки аз дард бадтараст
Сад чашми бад , баробари дӯд сапанд нест
Моро ба бахти шӯри худ эй дӯсти вогузор
Бодоми талх дар хури оғӯш қанд нест
Натавон гирифт домани маънӣ ба дасти ноз
Ҷузи печу тоб , сайди суханро каманд нест
Нагирифт пеши ашки марои манъи остин
Сайлобро мулоҳиза аз кӯча банд нест
Лаби бастаи ҳамчуи ғунчаи тасвир зода ем
Моро хабари зи чошнӣ нӯшханд нест
Сад дил чу тори сбҳаҳ ба як ришта ме кашад
Кӯтоҳе дар он мижаҳои баланд нест
Имрӯзи исоӣ ки ба дард сухан расад
Соиби дарин замона нодардманд нест