Аз бахти тираи аҳли суханро гзир нест
Рӯй нигини содаи сиёҳӣ пазир нест
Бар ҳар чаҳ остин нФшонӣ равад зи даст
Бар ҳар чаҳ пушт по назанӣ дастгир нест
Аз саркашии нигоҳи ту гар нест дилпазир
Зулфи ту дар гирифтани дили шона гир нест
Овозаи хати ту ҷаҳонгир гашта аст
Ҳарфӣаст ин ки хомаи мӯро срир нест
Ҳар чанд ҳаст чинии фағфури хуши қумош
Чун дилбари хтоиии мо хуш хамир нест
Дар лафзи тираи маънӣ равшан кунад зуҳӯр
Бепушт , рӯй оинаи сӯрат пазир нест
Дар чашми мо бузургии дунон буд ҳақир
Ҳар чанд зарра дар назари мо ҳақир нест
Дар оҳ ихтиёр надоранд бедилон
Боли шикастаи монеъи парвоз тир нест
Афтодагии сарир ва сарафкандагӣаст тоҷ
Дар малики фақри ҳоҷати тоҷ ва сарир нест
Гардад сабки зи санг , дили нахли миваи дор
Девонаро зи суҳбати Тифлон гзир нест
Чашмам чу хомаи боз ба рӯй сухан шуда аст
Ризқии маро ба ҷузи сухан дилпазир нест
Аз расатони хаданги бало рост бугзарад
Ин тири ҷуз ба чашм бидон ҷойгир нест
Аз хӯн шабнамӣ нагузашт офтоби ту
эй чарх дар бисоти ту як чашм сайр нест
Сӯзан чаҳ пушти чашм ки нозук намекунад !
Шукри худо ки синаи мо бахя гир нест
Аз ҷисми мо бурун наравад нақши лоғарӣ
Ин нақш , бесабот чу нақш ҳасир нест
Соиб куҷост оина то бар сияҳи дилон
Равшан шавад ки тӯтии моро назир нест