Гавҳари ҳарифи сахтии санг ҷидол нест
Бо ноқисони ситезаи намӯдан камол нест
Дар дӯзахам бияфкану ном гунаҳ мабар
Оташ ба гармии арақ инфеъол нест
Аз сулҳи кул , саман ба гиребон фишонда ам
Пероҳанами қаламрави хор ҷидол нест
Чун барги лолаи сӯхти забон дар даҳони ман
Бо бӯсаи ту чошнӣ эътидол нест
Битавон гузашт аз сари сад маънии баланд
Аз хӯни дузди лафзи гузаштан ҳалол нест
Соиб ба базми васли саропо нигоҳ бош
Дар суҳбатӣ ки ҳол буд , ҷой қол нест