Девонаро зи ҳалқаи Тифлон малол нест

Ҳар ҷо ҷамол ҳаст ғамӣ аз ҷалол нест

Шабнам ба офтоби з равшандилӣ расед

Парвози осмони таҷарруд ба бол нест

Хуршед бадар кард маи нотамом ро

Аз ноқисони канора гирифтан камол нест

Офоқро гирифт ба як ҷилваи офтоб

Ҳар давлатӣ ки тез буд безавол нест

Дар малик нестӣ натавон эҳтиёҷ ёфт

Ҳар ҷо ки фақр ҳаст забон савол нест

Ҳар ҷо ки об ҳаст таяммум наме кунанд

Ҳоҷат ба узр бо арақ инфеъол нест

Дар хоки пок , оби гул ва лола ме шавад

Аз мо дареғи доштан меҳалол нест

Давр аз ту бо хаёл ба дили ошнои ту

Дорем олимӣ ки туро дар хаёл нест

Дилгир нест он лаб мегаван зи хати сабз

Оби ҳаётро зи сиёҳӣ малол нест

Омад шуд нигоҳ буд тарҷумони мо

Дар базм орамида мо қил ва қол нест

Зон чашми мо ба як нигаҳ давр қонеъем

Ҳар чанд нофаро хабарӣ аз ғизол нест

Рӯзи ҷазои зи муфлисии хеш ғофил аст

Аз фикри мол , хоҷа ба фикр мол нест

Хокӣ ниҳод бош ки нури чароғи меҳр

Ҳар чанд поймол шавад поймол нест

Соиб намерасад ба адаби ҳеҷ гавҳарӣ

Бо гӯшвори хосият гӯшмол нест