Дил сияҳ созад дару девор , савдо карда ро
Шаҳр зиндонаст рӯй дил ба саҳро карда ро
Кӯси риҳлати нағма Довӯд меояд ба гӯш
Пештар аз кӯч , зоди раҳ муҳайё карда ро
Шҳпри парвоз чашмаст аз таманноҳои хом
Чашм қурбонӣаст дили тарк таманно карда ро
Қатра гардад гавҳари ғалатон дар оғӯши садаф
Дил тапад дар синаи доими сайр дарё карда ро
Лаб ба равшани гавҳарон во кун ки абри навбаҳор
Меҳр гавҳар мезанад бар лаб , даҳан во карда ро
Пардаи номӯс аз захм забон ларзад ба худ
Ҳеҷ парво аз маломат нест расво карда ро
Аз дил тораст дар чашми ту дунё бе сафо
ИўсФстонаст олами дил мусаффо карда ро
Чашми пӯшидан буд машшотаи рухсори зишт
Ҷинат нақдаст дунё , рӯ ба уқбо карда ро
Абри Нитсаон аз садаф эҳсон намедорад дареғ
Махзан гавҳар шавад дили даст боло карда ро
Шабнами гулзори ҷинат дар намеояд ба чашм
Гиря ҳамчун шамъ дар домони шаб ҳо карда ро
Гул ба шабнам рӯй худро пок натавонист кард
Чеҳра хунинаст доими ханда беҷо карда ро
Аз саводи шаҳр бар маҷнӯн шавад олами сиёҳ
Хонаи гӯр танг бошад сайр саҳро карда ро
Зиндагӣ бар ман шуд аз теғи шаҳодати ногувор
намешавад ботили таяммуми об пайдо карда ро
Олами пари шӯри соиби ваҳшати ободӣ буд
Сайри кӯҳи қофи азлати ҳамчу анқо карда ро