Аз доғ , равшании ҷигари пора пора ёфт

Ҷони ин замини сӯхта аз як шарора ёфт

Шуд тозаи доғи ғайрати хунини дилони ишқ

То лолаи зини чамани ҷигари пора пора ёфт

Гардид аз миёнҷии гӯшу забони халос

зи аҳли назар касе ки забон ишора ёфт

Осӯда аз ҳисоб ба рӯз шумор шуд

ӣнҷо касе ки дарду ғам бешумора ёфт

Дар водӣӣ ки шавқ буд мейри корвон

Гирди пиёдаро натавонад савора ёфт

Даст аз талаб кашидам , то Тифли ширхор

Бо дасти бастаи ризқи худ аз гоҳўораҳ ёфт

Зон дам ки дили Аннани таваккули з даст дод

Дар кори хеши сад гиреҳ аз истихора ёфт

Оби ақиқи ёри з хат орамида шуд

Ин гавҳар аз ғубори ятемӣ канора ёфт

Файзӣ ки нохудои дил шаб ёфт аз нуҷум

Дил дар саводи зулф азон гӯшвора ёфт

Ибром мекунад ба дар бастаи кори санг

Оҳани з рӯй сахт , шарарҳо з хора ёфт

Шамъ аз нафаси дарозӣ , шабро басари набард

Субҳ аз дами шимурдаи ҳаёт дубора ёфт

Раҳ май барад ба он даҳани танг , бе сухан

Дар офтоб ҳар ки тавонад ситора ёфт

Соиби маро басаст з хон висол ӯ

Ин лиззатӣ ки дидаи ман аз назора ёфт