Субҳи шукуфа чун кафи сайл баҳор рафт
Хуши мавсимии зи кӣсаи лайл ва наҳор рафт
Хӯн мечакад зи ғунчаи минқори булбулон
Зини нақди тоза каз гиреҳ рӯзгор рафт
Омад ба мавҷи лолау гули баҳри навбаҳор
Монанди каф , шукуфаи сабк бар канор рафт
Аз дафтари шукуфа , баҷои як варақ намонад
Айём мад кашӣдан абр баҳор рафт
Ганҷӣ ки аз шукуфа бурун дода буд хок
Дар як нафас ба бод чу зар нисор рафт
Нақдӣ ки аз шукуфаи чаман ҷамъ карда буд
Яксар ба ҳарзаи харҷии бод баҳор рафт
Бесикка харҷ кард зари хешро тамом
Зини бӯстони шукуфаи аҷаб номдор рафт
Даврони эътидоли насими чамани гузашт
Аз синаи ҷаҳон , нафас беғубор рафт
Носур шуд ҷароҳати минқори булбулон
Аз бас ки хӯни нолаи азу дар баҳор рафт
Хати бунафшаи рай ба пажмурдагӣ гузошт
Райҳону гул ба суръати дӯд ва шарор рафт
То гашти тозӣонаи қавси қзҳи баланд
Чун корвони барқ , сабки лола зор рафт
Қисмат чу нест , фоидаи барг айш чист ?
Наргис пиёла дошт ба каф , дар хумор рафт
То бо гули шукуфтаи шабиро ба рӯз кард
Хӯнҳо зи чашми шабнами шаби зинда дор ёфт
Рӯи бози пас зи шӯр қиёмат наме кунад
Ҳушӣ ки дар рикоби насим баҳор рафт
Соқӣ , туро ки даст ва дилӣ ҳаст ме бануш
Каз буии бодаи дасту дили ман з кор рафт
Хуши вақти раҳравӣ ки дарин боғ чун насим
Беихтиёр омад ва беихтиёр рафт
Вошў чу ғунча , эй гиреҳи дил ба зӯри худ
Акнӯн ки дасти уқдаи гушойони з кор рафт
Соиб мапурс ҳоли дили андалеб ро
Ҷое ки лола бо ҷигар доғдор рафт