Дилро зи мо ба ҳасани адо метавон гирифт

Зондки таваҷҷӯҳии дили мо метавон гирифт

Худро чу шабнами гул агар ҷамъ карда Эй

Аз хокдони даҳри ҳаво метавон гирифт

Дар кишварӣ ки ҳукми қаноат буд равон

Аз хок , файзи оби бақо метавон гирифт

Чун моҳи нави тавозуъ агар хуй худ кунӣ

Офоқро ба қади ду то метавон гирифт

Қонеъи шӯй ба ибрат агар ҳамчуи оқилон

Аз рӯзгори сифлаи чҳо метавон гирифт

Зоҳид ба ҷӯй шер диҳад зуҳди хушк ро

Осони зи дасти кӯри Асо метавон гирифт

Чун сояи бас ки давлати дунёсти ҳеҷу пуч

Бо муштии устихони зи ҳумо метавон гирифт

Соиб талош кун гаравӣ аз ҳаёти гир

Варна Аннани умри куҷо метавон гирифт ?