Танҳо на ашки рози марои ҷуста ҷуста гуфт
Ғаммози ранги ҳам ба забон шикаста гуфт
Аз санги сахттар суханон дар сари шароб
Чашму даҳони ёр ба бодом ва писта гуфт !
Розӣ ки буд парда нишин ҳамчуи ашки ман
Мижгони шӯхи чашм ба мардум нишаста гуфт
Шармандаам зи хат ки сияҳи бахтии маро
Бар рӯй нозукаш ба забон шикаста гуфт
Соиби тамоми шеъри ту якдаст ва тоза аст
Ин қисм шеърҳо натавон ҷуста ҷуста гуфт