Зулфи ту кашокаш ба раги ҷони ман андохт
Рухсори ту ахгар ба гиребони ман андохт
Ҳасани ту ки чун киштӣ тӯфон зада май гашт
Лангар ба дилу дидаи ҳайрони ман андохт
Симоб кунад силсилаи гардани шерон
Барқӣ ки муҳаббат ба Нитсаатон ман андохт
Як ҳалқа кунад силсилаи умри абад ро
Тобӣ ки майонаш ба ранги ҷони ман андохт
То ҳиммати ман даст ба бозича баровард
На гӯии фалак дар хами чавгони ман андохт
Фонӯси фалак даст надорад ба хаёлаш
Он шамъ ки партав ба шабистони ман андохт
Соиби хами он зулфи гиреҳгир ба бозӣ
Сад силсила бар гардани имони ман андохт