Дар чашми ғалат байн набӯд вазъи ҷаҳони рост

Чун ҷӯй буд каҷ , наравад оби равони рост

Шуд бихбрии Хизри раҳи кӯии харобот

Омад ба ғалати тири каҷи мо ба нишони рост

Дар тинати перон асарӣ нест даво ро

Аз даст навозиш нашавад пушти камони рост

Аз сахтии раҳи роҳрав ишқ нанолад

То каъба тавон рафт ба ин санги нишони рост

Булбули дилӣ аз рад ба фарёд тиҳӣ кард

эй вои зи дардӣ ки наёяд ба забони рост

Чун тири зи равшани гуҳарон гирд баровард

То бо ки шавад ин фалаки сахти камони рост

Чун шамъ агар қатраи ашкии нФшонӣ

Магзар зи сари хоки ман эй сари равони рост

Дар сӯхтагон нашаву нмоҳости шарар ро

эй Зуҳра ҷабин магзар азин лолаи ситони рост

Шоиста лангар набӯд ҳалқаи гирдоб

Дар зери фалаки субҳ нафас кард чисони рост ?

Соиб шавад офоқи муаттари зи шамемаш

Чун ғунча касеро ки буд дил ба забони рост