Чашми ту аҷаб нест агар маст ва хароб аст
Каз рӯй ърқноки ту дар олам об аст
Дар дил фиканд шӯри ҷазои гиряи талхаш
Аз оташи рухсори ту ҳар дил ки кабоб аст
Чашмӣ ки чу мижгон накунад ҳар ду ҷаҳон ро
Дар ҳар нигаҳии зеру зибр , парда хоб аст
Аз ишқ маҳоласт ки дилҳо нашавад об
Ҳар гул ки дарин боғ буд харҷ гулоб аст
Мижгони ту аз каҷи қаламӣ даст надорад
Ҳар чанд зи хати ҳасани ту дар пой ҳисоб аст
Болотар аз идрок буд мартабаи ҳасан
Ҳар чеҳра ки битавон ба назар дид , ниқоб аст
Аз наргиси бемор буд тозагии ҳасан
Маъмурии офоқи зи дилҳои хароб аст
Ҳар хок наҳодӣ ки хамӯшаст дарин базм
Чун кӯзаи лаби бастаи пар аз бода ноб аст
Маҷнӯн чаҳ кунад маст нагардад ки дарин дашт
Ҳар мавҷи сарое ки буд мавҷ шароб аст
Дорад хати покӣ ба каф аз содаи дилӣ ҳо
Девонаи моро чаҳ ғам аз рӯз ҳисобаст ?
Ин олами пари шӯр ки ором надорад
Аз домани саҳрои ту як мавҷ сароб аст
Зинҳор ки худро макун аз тӯшаи гронбор
Башитоб ки зодраҳи сайлоб , шитоб аст
Нашимурда нафас сар назанад аз ҷигари субҳ
Ҳар рӯз ба бедордилони рӯз ҳисоб аст
Соиби матлаб рӯй дил аз кас , ки дарин аҳд
Рӯе ки нагардад з касе рӯй китоб аст