Дар олами фонӣ ки бақои по ба рикоб аст
Гар зиндагии Хизр буд нақш бар об аст
Аз мардуми дунёи тамаъ ҳуш мадоред
Бедории ин тайифаи хамёза об аст
Чун кӯҳ , бузургони ҷаҳони ончӣ ба соил
Беминнат ва бефосила бахшанд , ҷавобаст !
Дар машраби мо хок нишинон қаноат
Дар оби раги талхӣ агар ҳаст гулоб аст
Дар чашми гронхўоб , китобаст кам аз хишт
Дар дидаи бедордилони хишт китоб аст
Мастӣ ки зи хунобаи длҳости шаробаш
Дӯди дили мо дар назараши дӯд кабоб аст
Зон дар назар халқ азизаст , ки гавҳар
Қонеъ шуда аз баҳр ба як қатра об аст
Онро ки зи кайфияти дидор хабар ёфт
Ҳар шастаи изорӣ ба назари олам об аст
Ҳар чанд ки дар хонаи з обаст харобӣ
Дар дидаи мо хона беоб хароб аст
Чун реги равони нарми равон монда нигараданд
Вомонда касе роҳнўрдони з шитоб аст
Соиб ба асари зиндаи з мурдааст накӯтар
Дастӣ ки атое накунад пой ба хоб аст