Гардуни садафи гавҳари икдонаҳ ишқ аст

Хуршеди ҷҳонтоб , нигини хона ишқ аст

Ҳам каъбаи ислом ва ҳам оташкадаи куфр

Вайрон шудаи ҷилваи мастона ишқ аст

Ҳар санги маломат ки дарин доман саҳрост

Ризқи сари шӯридаи девона ишқ аст

Аз мартабаи хок ба афлок расӣдан

Мавқуф ба як наъраи мастона ишқ аст

Ганҷӣ ки буд ҳар гуҳараши махзани асрор

Ганҷӣаст ки дар синаи вайрона ишқ аст

Дар савмиъаҳо ҷӯш аноолҳқ натавон зад

Ин замзама дар гӯшаи майхона ишқ аст

Хуршед каз ӯ хира шавад дидаи анҷум

Як равзани масдӯди зи кошона ишқ аст

Афсурдагии оламу хушҳолии дунё

Аз басту кушод дар майхона ишқ аст

Дар домани саҳрои дили сӯхтаи ман

То чашм кунад кор , сияҳи хона ишқ аст

Хуршеди қиёмат ки кунад доғи ҷаҳон ро

Аз сӯхтагони сари девона ишқ аст

Аз пардаи дил кӣ ба забон қалам ояд ?

Лафзӣ ки дар ӯ маънии бегона ишқ аст

Соиб ки муқӣми ҳарами каъбаи дайн буд

Имрӯзи камарбастаи бтхонаҳ ишқ аст