Дарди ту ба дилҳои сбкрўҳ гарон аст

Тбхол бар он лаби гиреҳи ришта ҷон аст

Дар васли дил аз ҳиҷри фузуни дил нигарон аст

Оворагеи тир дар оғӯш камон аст

Бар хотири озодаи ман дасти гуҳарбор

Чун дасти тиҳӣ бар дили муҳтоҷ гарон аст

Аз дили набарди шавқи ватани иззати ғурбат

Дар сулби гуҳари оби ҳамон қатра занон аст

Эмин натавон гашти зи баргаштагии бахт

Пайвасти ҳадафро хатар аз пушт камон аст

Дар қофилаи реги равони пеш ва пасӣ нест

Пас мондаи ин марҳала аз пешравон аст

Ҳайрат задагонро набӯд баҳрае аз васл

Дар домани гули дидаи шабнам нигарон аст

Дар болу пари азм , маро кӯтаҳе нест

Санги раҳи ман коҳилӣ ҳамсафарон аст

Битобии зарроти ҷаҳон дар талаби ҳақ

Дар шишаи соъати сафари рег равон аст

Соиби нигаҳи гарм дар он чашми сияҳи маст

Барқӣаст ҷҳонсўз ки дар абр ниҳон аст