Маҳви рухи зебои ту фориғи з ҷаҳон аст

Бедорӣ ҳайрат задагон хоб гарон аст

Пӯшидани чашм аз ду ҷаҳон суд набахшад

Модом ки дил дар бар солик нигарон аст

То даст баровардаам аз хирқаи таҷред

Бар пайкари ман банди қабои банд гарон аст

Пайдост чу абри тнки ҷилваи хуршед

Дар пардаи чашмӣ ки хаёли ту ниҳон аст

Чун сайл , талабкори турои санги маломат

Дар қатъи биёбони талаб , санг Фсон аст

Дар машраби ман хилват агар хилват гӯраст

Бисёр ба аз суҳбати абноӣ замон аст

Соиб макун андешаи ҷон дар сафари ишқ

Кин марҳаларо реги равони хурда ҷон аст