Дил бар шикани турраи дилдор гарон аст
Фарёд ки ин нағма бар ин тор гарон аст
Мижгони ту бо дили сар пайванд надорад
Дилҷӯеи ин обила бар хор гарон аст
Шуд чашми ту ҳушёр ва харобаст ҳамон дил
Бемори сабки гашту парастор гарон аст
Теғи ту зи омезиши ҷавҳар гила дорад
Ин мавҷ бар ин қулзуми хунхор гарон аст
Мӯе шудам аз фикр , ки чун ҳалқа кунам даст
Бар мӯии миёни ту ки зуннор гаронаст ?
Он ҳасан маҳоласт ки аз парда барояд
Бар Юсуфи мо ҷӯши харидор гарон аст
Дили шикваи зи шамшери сбкрўҳ ту дорад
Ин оби сабк бар дили бемор гарон аст
Ҷузи даст гузидани зи лабаши қисмат мо нест
Мо муфлис ва он гавҳари шҳўор гарон аст
Чун рқъаҳи арбоби тамаъ бар дили мумсик
Доғи ситами ишқ ба ағёр гарон аст
Соиб чаҳ кунад рӯй ба саҳро нагузорад ?
Бар аҳли ҷунуни сояи девор гарон аст