Рӯзами сияҳ аз партави он чашм сиёҳ аст

Каз чини ҷабини силсилаи ҷунбон нигоҳ аст

Хамёзаи гули вақти саҳар бесабабӣ нест

Ғифлат накунам , дар хами он тараф кулоҳ аст

Бар доғи сияҳи рӯзии ушшоқ бибахшоӣ

Шукронаи он рӯ ки вале неъмат моҳ аст

Ғурбат мапасндед ки афтид ба зиндон

Беруни зи ватан по магузоред ки чоҳ аст

Ҳар чанд ки аз зулфи ту як печ намонда аст

Дар синаи ман мояи сад силсила оҳ аст

Бар хонаи ман сайл ҳаводис накунад зӯр

Ҳамвории ман дашти сифати пушт ва паноҳ аст

Пушти лаби паймонаи мо сабз шуд аз заҳр

Он соқии бирҳми ҳамон талх нигоҳ аст

Соиб аҷабӣ нестгар ором надорам

Хокистари ман дар гарави сарсар оҳ аст