Дар пардаи шаб ҳар ки май ноб гирифта аст
Аз дасти Хизр дар зулмоти об гирифта аст
Шамъи сари болин будаш давлати бедор
Онро ки хаёли ту раги хоб гирифта аст
Аз равшании ориятӣ дил накушояд
Ойӣнаи мо занги зи маҳтоб гирифта аст
Оҷизи зи ънондорӣ сайлоб нагардад
Дастӣ ки Аннани дили битоб гирифта аст
Қурбонии мо аз нигаҳи аҷз , мукаррар
Теғ аз кафи бирҳмии қассоб гирифта аст
Натавон зи дили содаи мо тунди гузаштан
Ойӣнаи мо домани симоб гирифта аст
Аз ғайрати чашмтар ман баҳри гаронсанг
Печидагӣ аз ҳалқаи гирдоб гирифта аст
Масҷуди хилоиқи зи азизӣ шудаи соиб
Ҳар каси зи ҷаҳони гӯша чу миҳроб гирифта аст