Ҳар шоми зи моҳи рамазони субҳ умедӣ аст

Ҳар рӯзи азин моҳи мубораки шаб идӣ аст

Ҳар оҳи ҷигарсӯз ки аз сина барояд

Дар домани саҳрои ҷазои соя бедӣ аст

Ҳар навъи шикастӣ ки туро рӯй намояд

Чун мавҷи дарин баҳри пару бол ҷадидӣ аст

То хилвати Юсуф ки сабо роҳ надорад

Аз дидаи ёқӯби аҷаби роҳ сифедӣ аст

Дар домани даштӣ ки ту май май кашии имрӯз

Ҳар лола ӯ шамъи сари хок шаҳидӣ аст

Соиб агарат дида бедор нахуфта аст

Дар пардаи шабгири аҷаби субҳ умедӣ аст