Ҳар нахли мусӣбати илм роҳнамоӣ аст

Ҳар навҳаи азин қофилаи овоз дарое аст

Дасти ту агар нест нигорин зи алойиқ

Ин уқда ҳастӣ гиреҳи банд қабое аст

То дар паии дунёӣ хасисаст дили ту

Дил нест дар оғӯши туро , коҳрбоиӣ аст

Ҳар чизи зи дунёии ?дании рӯ ба ту орад

Мағрур машав , каз паии танбеҳ , қафое аст

Ризқи тугар аз хон фалак шуд ғами рӯзӣ

Ғофил машав аз шукр , ки ин низ ғизоӣ аст

Дар ҳар чаҳ ба рағбатнигарӣ роҳзан туаст

Бар ҳар чаҳ кунӣ пушт , туро роҳнамоӣ аст

Хорӣ ки дарин марҳалаи бекори намояд

Аз обилаи пои талаби уқда гушойӣ аст

Дар машраби ҷамъӣ ки муҳайёӣ раҳиланд

Ҳар ранҷиши биҷои фалак , лутф баҷое аст

Ҳар нолау оҳӣ ки зи худ пеш фиристад

Аз хеши буруни омадаро хона худоӣ аст

Мо ҳавсила дард надорем , вагарна

Ҳар дард ки қисмат шавад аз ғайб , давое аст

Аз фақр макун шиква ки озодаи равон ро

Бе баррагии айём , аҷаби барг ва навое аст

Соиб чаҳ кунад синаи худро накунад чок ?

Бо ҳавсилаи танг , ғами ишқ балое аст