Дар олам болост тамошое агар ҳаст

Беруни з маконасту замон ҷое агар ҳаст

Чизе ки баҷои мондаи ҳамин тарк таманност

Дар хотири ушшоқи таманное агар ҳаст

Дар ғайбат халқаст агар ҳаст ҳузурӣ

Дар тарк тамошост тамошое агар ҳаст

Ашкӣаст ки дар мотам умед фишонанд

Дар рӯй замини оби гуворое агар ҳаст

Оҳӣаст ки аз сина афсӯс барояд

Дар боғи ҷаҳони нахли таманное агар ҳаст

Аз содаи дилӣ чун гузарии олам мастӣ аст

Дар зери фалаки домани саҳройӣ агар ҳаст

Бар гирди ҷаҳони давр задан бар ту ҳалол аст

Хуршеди сифати дидаи бенаӣ агар ҳаст

Дар оинаи тор , парии деви намоянд

Софаст ҷаҳони ҷони мусаффое агар ҳаст

Бар тӯтии ҷон , талхӣ ғурбат нанамояд

Дар хонаи дили оинаи симое агар ҳаст

Гирдаст фишондан ба ду олам натавонӣ

Дар доман азлат башикан пое агар ҳаст

Зинҳор ки ғофил машав аз хомаи наққош

Дар мади назари сӯрати зебоӣ агар ҳаст

Соиби дили пари хӯн буду дидаи хўнбор

Дар маҷлиси мо соғару миное агар ҳаст