Хуршеди ниқоби рух чун ёсуман кист ?
Пероҳани субҳи оинаи дон бадан кист ?
Чун роҳ сухан нест дар он ғунчаи мастур
Гӯши ду ҷаҳони танги шукр аз сухан кист ?
Рухсор ки равшангар ойӣна рӯзаст ?
Шаби сояи гесуии шикан бар шикан кист ?
Ҳар шабнамӣ аз дида ёқӯб диҳад ёд
Пероҳани гулҳо зи сар перҳан кист ?
Дар нофаи шаб , хӯни шафақи машк ки кардааст ?
Ин марҳамат аз турра ънбршкн кист ?
Дар хӯни шафақ , соиди субҳу кафи хуршед
Аз ҳайрати назораи себ зқн кист ?
Чун хонаи занбӯри асал , шаш ҷиҳати хок
Лабрези зи шаҳд аз лаб шикаршикан кист ?
Дарёии вуҷӯду адами омехта бо ҳам
Чун шеру шукр аз даҳани хуш сухан кист ?
Аз накҳати пероҳани Юсуф гила дорад
Ин мағз , бдомўзи насим чаман кист ?
Ҳар чанд ки ҳангомаи длҳости азуи гарм
Равшан натавон гуфт ки дар анҷуман кист
Ҷузи зулфи ту эй сафи шикани сабру таҳаммул
Афтодан ва афкандани ушшоқ фан кист ?
Дасту даҳани Мӯсои азин моидаҳ шуд доғ
Ин луқма ба андозаи ком ва даҳан кист ?
Ҳар каси гулӣ аз шавқи ту дар об гирифта аст
То қомати раънои ту сарв чаман кист ?
Савдои ту дар анҷумани орои длҳост
То шамъи ҷҳонсўзи ту дар анҷуман кист ?
Дилҳо шуда аз пардаи фонӯси тнктр
То шуълаи савдои ту ҳам перҳан кист ?
Дар гулшан ҷинат нанишинад дили соиб
То дар сари ин мурғи ҳавоӣ чаман кист ?