Манзури ман он мӯӣ миёнаст ва миён нест
Ризқи ман азон танг даҳонаст ва даҳон нест
Фарёд ки он дилбари ширини сухан аз шарм
Чун ғунчаи саропоӣ забонаст ва забон нест
Аз бўолъҷбиҳост ки ширинии олам
Мастур дар он танг даҳонаст ва даҳон нест
Ин бо ки тавон гуфт ки сарриштаи ҷонҳо
Вобаста ба он мӯӣ миёнаст ва миён нест ?
Фарёд ки аз бе даҳании дарди дили мо
Вуқуф ба тақрир забонаст ва забон нест
Нурӣ ки буд равшани азуи дидаи олам
Чун меҳри ҷҳонтоб аёнаст ва аён нест
Он ҷоми ҷаҳонӣ ки ҷаҳон дар талаб ӯст
Аз дидаи идрок ниҳонаст ва ниҳон нест
Ҳар чанд ки бо ҳам нашавад сайру сукӯни ҷамъ
Дар сулби гуҳар , об равонаст ва равон нест
Аз бебасарӣ дар назари танги хасисон
Юсуф ба зари қалб гаронаст ва гарон нест
Он пери сияҳи дил ки муқайяд ба хизоб аст
Дар чашми худ аз ҷаҳл ҷавонаст ва ҷавон нест
Ин турфа ки соиби дили сад пораи мо ро
Шероза азон мӯӣ миёнаст ва миён нест