Дар маъракаи ишқи зи ҷуръат хабарӣ нест
Ғайр аз сипар андохтани ӣнҷо сипарӣ нест
Дар қофилаи фарди равон бор надорам
Ҳар чанд ба ҷузи сояи маро ҳамсафарӣ нест
Дар пила сангаст гуҳар бе назари пок
Безорам азон шаҳр ки соҳиб назарӣ нест
Худро башикан то шикании қалби ҷаҳон ро
Ин фатҳи муяссар ба шикаст дгарӣ нест
Чун шиша бе ме, набӯд қобили иқбол
Боғӣ ки дар ӯ булбули хунин ҷгарӣ нест
Шаб нест ки бар гирди ту то рӯз нигарадам
Ҳар чанд ман сӯхтаро бол ва парӣ нест
Саргаштагии мо ҳама аз ақл фузул аст
Саҳрои ҳама роҳаст агар роҳбарӣ нест
Соиб чаҳ кунад гар накунад рӯй ба девор ?
Ҷое ки лаби хушкӣу мижгон тарӣ нест