Чарх дар тоб аз таҳаммули мост
Теғ дар оташ аз тағофули мост
Сари шабнам ба офтоб расед
Дар тараққии ҳамин таназзули мост
намерасем аз шикастагӣ ба канор
Ҳамчуи мавҷ аз шикастагии пули мост
Шиква то чанд аз кашокаши дом ?
Ин кашокаши насими сунбули мост
Ҳалқаи чашми дом дар назараст
Байзаи мотами сарои булбули мост
Соиб аз фикри мости рангини шеър
Ин чамани сурхи рӯи зи булбули мост