Ба ки бар худ набандад аз дарбон

Дар давлат ба ҳар ки боз шуда аст

Карда то рӯй худ ба даргаи ҳақ

Соиб аз халқ бениёз шуда аст

Хаташ аз холи ҳуққаи боз шуда аст

Холаш аз хати забони дароз шуда аст

Чун сипар рӯй чарх парчин аст

Гиреҳ аз ҷабҳа ки боз шудааст ?

Сафи мижгонаш дар забон бозӣ аст

Гарчи чашмаш ба хоби ноз шуда аст

Нест як дили кушода , ҳайронам

Ки дар файз бар ки боз шуда аст

Хати мишкӣн ӯ ки абҷади мост

Булҳавасро хати ҷавоз шуда аст

Рӯ ба дарёи ниҳода бе лангар

Бе ҳузури он ки дар намоз шуда аст