Вақти мо аз соғару мино хуш аст

Вақти соқии хуш ки вақти мо хуш аст

Ишқ май бояд ба ҳар сӯрат ки ҳаст

Ошиқӣ бо сӯрати дебо хуш аст

Нохўшиҳо аз дил бе завқи мост

Завқ агар бошад ҳамаи дунё хуш аст

Марди ишқӣ , хаймаи беруни зани зхўд

Дар баҳорони домани саҳро хуш аст

Домани саҳро чаҳ гирд аз дили барад ?

Сайли гирдолӯдро дарё хуш аст

Сояи ғаммозро помол кун

Қатъи роҳи бихўдӣ танҳо хуш аст

Он қадар каз мо таҳаммули хўшнмост

Аз накӯёни нозу истиғно хуш аст

Сар ба саҳроӣ ҷунунам дод ақл

Душманӣ бо мардуми доно хуш аст

Ҷомаи гулгун буд барқи ҷалол

Ишқро бо чашми хўнполо хуш аст

Тира дар парво надорад аз гуноҳ

Зангёнро вақт дар шабҳо хуш аст

Нозу тамкини ҳасанро зебанда аст

Ишқ чун сайлоб бепарво хуш аст

Шкрллаҳи соиб аз иқболи ишқ

Нохўшиҳои ҷаҳон бар мо хуш аст