Бе ёри баҳор дилнишин нест

Ин пунбаи доғ ёсамин нест

Сад шукр , ба дасти кӯтаҳи ман

Сад банди зи чин остин нест

Дар домани барги по шикаста аст

Доғи дили лола хуш нишин нест

Дар хона ӯ чу хонаи зин

Поем зи нишот бар замин нест

Наздиконро наме шиносад

Фарёд ки ёр дурбин нест

Дар зери лабаш ҳазор узраст

Имрӯз ки чинаш бар ҷабин нест

Ман булбули ғунчаи ҳиҷобам

Безорам аз ончӣ шармгин нест

Ҳар кас ки шунид фикри соиб

Ҳарфӣ ба лабаши ҷуз офарин нест