Аз васли садафи гуҳар гурезон аст
Бар ҳасани ғариб , хона зиндон аст
Хилват талабаст ҳасани сангини дил
Аз шаш ҷиҳати ҳарам биёбон аст
Зонҳокаҳи гузашт бар сари маҷнӯн
Беди маҷнӯн ҳануз ларзон аст
Дар синаи пари зи новаки ман , дил
Ширӣаст ки хуфта дар Нитсаатон аст
Девона дурӯғгӯ наме бошад
Бар санги маҳаки дурӯғ бӯҳтон аст
Чун оина ҳар ки бенишӣ дорад
Дар чеҳраи хубу зишт ҳайрон аст
Аз рӯй кушод , файз май борад
Дар хандаи барқи умед борон аст
Сарриштаи умри мсндороён
Ммдўд ба қадари мад эҳсон аст
Аз синаи гарми оҳи пироён
То боғи биҳишти як хиёбон аст
Азлати талабӣ ки ном ме ҷӯяд
Домӣаст ки зери хок пинҳон аст
Ҳаргизи дили аҳли ишқ беғам нест
Дар қатраи мо ҳамеша тӯфон аст
Бошанд чу гӯии халқи саргардон
То қомати чархи ҳамчу чавгон аст
Он кас ки шинохти завқи танҳоӣ
Аз сояи хештан гурезон аст
Бо хеш касе ки мағзӣ оварда аст
Чун писта ба зери пӯст хандон аст
Умрӣаст ки рӯзгори ман соиб
Чун рӯзии аҳли дил парешон аст