Ҳалқаи гӯши ту гӯшвора субҳ аст

Холи биногваши ту ситора субҳ аст

Ҷилваи ту шӯхтар зи барқи таҷаллӣ

Чашми ту хандонтар аз ситора субҳ аст

Гӯшаи абрӯии файзу сайқали тавфиқ

Муваҷҷаҳ эй аз баҳр беканора субҳ аст

Шери зи пистон офтоб нагирад

Тифли ғаюрӣ ки ширхора субҳ аст

Доғи ҷигарсӯзи ишқу синаи равшан

Муҳраи хуршеду гоҳўораҳ субҳ аст

Ҳар нафасӣ каз ҷигар ба сидқ барояд

Кам машумораш ки дар шумора субҳ аст

Илми ладуннӣ ки дар китоб нагунҷад

Ҷумла дар авроқи пораи пора субҳ аст

Ҳасани глўсўзи қандҳои мукаррар

Мунфаил аз хандаи дубора субҳ аст

Умри дубора ки халқ толиб ӯйанд

Дар гиреҳи хандаи дубора субҳ аст

Аз дами соиб буд гушоиши дилҳо

Ҷомаи гули пора аз ишора субҳ аст