Зер боласт паноҳӣ ки марост
Шамъи болин буд оҳӣ ки марост
Кист бо ман тараф ҷанг шавад ?
Ашк ва оҳаст сипоҳӣ ки марост
Оҳи сарду нафас сӯхта аст
Субҳи иду шаби моҳӣ ки марост
Дар сафари бор рафиқон нашавам
Дил буд тӯшаи роҳӣ ки марост
Дасти қудрат ба қафо май печад
Барқро мушти гиёҳӣ ки марост
Ба ду сад дона гавҳар надаҳум
Дар ҷигари риштаи оҳӣ ки марост
Чун набошад хаҷал аз раҳмати ҳақ ?
Бигноҳӣаст гуноҳӣ ки марост
Он ҳубобам ки дарин баҳри гуҳар
Сар пучаст кулоҳӣ ки марост
Сайқали ҳасан буд дидаи пок
Рух магардон зи нигоҳӣ ки марост
Боли парвози ҳазорон чашм аст
Аз қаноати пари коҳӣ ки марост
Шоҳиди шӯри муҳаббати соиб
Рӯй зардаст гувоҳӣ ки марост