Шавад чу ғунчаи сухани пеша , шишаи шиша шароб аст

Чу дил тнк шуд аз андеша , шишаи шиша шароб аст

зи ковуши ҷигари фикр , дасти бози надорӣ

Ки ҳар шарории азин теша , шишаи шиша шароб аст

Айёри чашми ғизолони шери маст чаҳ бошад

Ки чашми шери дарин беша , шишаи шиша шароб аст

Назари дареғи мадор аз назораи дили пари хӯн

Ки ҳар ҳубобии азин шиша , шишаи шиша шароб аст

Агар зи ақли туро дар сараст нихвати мастӣ

Марои ҷунун ба рагу реша , шишаи шиша шароб аст

Ба санг арбада башикан тилисм ҳастӣ худ ро

Ки дар шикастан ин шиша , шишаи шиша шароб аст

Маро ки ратл гаронаст зи хами санги маломат

Итоби чархи ҷафои пеша , шишаи шиша шароб аст

Ҷавоби он ғазали мирзои Саид ҳаким аст

Ки ишқ дар дили ғами пеша , шишаи шиша шароб аст