Ғубории баҷо аз замин монда аст
Бухории зи чархи барин монда аст
зи гули хор мондааст ва аз май хумор
Чаҳҳо аз киҳо бар замин монда аст
Паридааст ақл аз сари мардумон
Нигини хонаҳо бенигин монда аст
Ба ин тангдастони зи арбоби ҳол
Либоси фарохи остин монда аст
Ҳамин ришу дастору арзи шикам
Баҷо аз бузургони дайн монда аст
зи азрақи либосони хуршед рӯй
Ҳамин як сипеҳри барин монда аст
Манам соиби имрӯз бар лавҳи хок
Агар як сухани офарин монда аст