Нест бо дидаи зоҳири дили равшани муҳтоҷ

Набӯд хонаи ойӣна ба равзани муҳтоҷ

Кардаам ғунчаи сифати боғи худ аз хонаи хеш

Нестам бо дили сад пора ба гулшани муҳтоҷ

Ғайри азин шиква азон даст гуҳарборам нест

Ки маро кард ба дарюзаи домани муҳтоҷ

Ҷилваи ҳасани зи кӯтаҳи назарон мустағнӣ аст

Нест исо ба назарбозии сӯзани муҳтоҷ

Нест мавқуфи талаб , ҳиммат агар саршораст

Доман абр набошад ба фишурдани муҳтоҷ

Шоҳиди нақс ҷунунаст ба саҳро рафтан

Шуълаи саркаш мо нест ба домани муҳтоҷ

Дар гулистони ҷаҳони ғайри дили ман соиб

Ғунча Эй нест ки набӯд ба шукуфтани муҳтоҷ