Ба доғ ишқ набошад марои ҷигари муҳтоҷ

Ба офтоби зи хомӣ буд самари муҳтоҷ

Бабр ба ҷой дигар рӯй гарми худ хуршед !

Ки нест сӯхтаи мо ба ин шарари муҳтоҷ

Басаст чеҳраи заррин , хазонаи ошиқ

Ки офтоб набошад ба симу зари муҳтоҷ

Ҳазор шукр ки ин ғунчаи худ ба худ во шуд

Нашуд чу гул ба ҳаводории саҳари муҳтоҷ

Азон замони ҳк ба дўлтсроӣ фақр расед

Дигар нагашт дили мо ба ҳеҷ дар муҳтоҷ

Мҷўӣ беш зи қисмат ки то қаноат кард

Барои об ба дарё нашуд гуҳари муҳтоҷ

Шикаста мешавад аз эҳтиёҷ , шохи ғурур

Азон шуданд хилоиқ ба икдгри муҳтоҷ

Биҳиштро дили мо дар назар наме оварад

Намӯд ишқи ту моро ба як назари муҳтоҷ

Дар он мақом ки моием , шавқ то ҳаддӣ аст

Ки ҳеҷ нома нагардад ба нома бар муҳтоҷ

Агар миёни ду дил ҳаст дӯстӣ ба қарор

намешаванд ба омад шуд хабари муҳтоҷ

Куҷои зи сӯзиши парвона бӯ тавонад барад ?

Самандарӣ ки нагардад ба болу пари муҳтоҷ

Куҷои зи сӯзиши парвона буд тавонад барад ?

Самандарӣ ки нагардад ба болу пари муҳтоҷ

Ҳамон ба обилаи хештан қаноат кард

Агар ба об шуд ин оташини ҷигари муҳтоҷ

Миёни гушӯдаи саранҷоми хоб май гирӣ

Дар он тариқ ки не шуд ба сад камари муҳтоҷ

Ба роҳи каъбаи мақсад , тапидани дили мост

Сбкрўӣ ки нагардад ба роҳбари муҳтоҷ

Тамаъи далел фурӯмоиагӣаст коҳил ро

Вагарна нест ба таҳсини каси ҳунари муҳтоҷ

Дили шикастаи мо то чаҳ куфр неъмат кард ?

Ки шуд ба марҳами ин нокасон дигар муҳтоҷ

Азон ҳамеша дар файз боз ме бошад

Ки рӯй хеш наёрад ба ҳеҷ дар муҳтоҷ

Хушем бо сафари даври бихўдии соиб

Ки нестем ба ҳамроҳу ҳамсафари муҳтоҷ