Намак ба дида ғифлат кун аз сифедаи субҳ
Ки сад китоб сухан ҳаст дар ҷаридаи субҳ
Мо зи ҷомаи эҳромро кафани зинҳор
Машав чу мурдаи дилони ғофил аз сифедаи субҳ
Азон сафинаи хуршед осмон сайраст
Ки бодбон кунад аз пардаҳои дидаи субҳ
Чу офтоб буд гарм , нони роҳравӣ
Ки рӯзяш буд аз суфра кашида субҳ
Баёзи синаи равшандилон рақам сӯзаст
Ситора нуқта саҳваст бар ҷаридаи субҳ
Ба сӯзани мижаи офтоб ҳайҳот аст
Руфӯпазир шавад синаи даридаи субҳ
Маро ки бо дили шаби роз дар миён дорам
Чаҳ дил кушода шавад соиб аз сифедаи субҳ ?