Офоқро кунад ба нФши мшкбори субҳ
Бошад баҳори анбари шабҳои тори субҳ
Дамро кунанд софи замирони шимурдаи харҷ
Аз сина мекашад нафасиро дубораи субҳ
То чашмаш аз ситора фишонӣ нашуд сифед
Аз васл офтоб нашуд комкори субҳ
Даст аз талаби мадори дарин раҳ , ки ме кашад
Хуршедро зи сидқи талаб дар канори субҳ
Зинсон ки шуд замонаи тиҳӣ аз фурӯғи сидқ
Мушкил шавад сифеди дарин рӯзгори субҳ
Дар нури сидқ маҳв нашавад зулмати дурӯғ
Шабро кунад ба ним нафаси торумори субҳ
Шаби пардаи пӯш ва рӯз сифедаст парда дар
Бошад азон ба чашми сияҳи кор , бори субҳ
Моро шабӣаст аз дили фиръавни тира тар
Беҳуда май баради яди Байзо ба кори субҳ
Торикӣ лаҳад нашавад аз чароғ кам
Бо хотир гирифта наёяд ба кори субҳ
Умраш тамом шуд ба нафаси рост карданӣ
Ҳар чанд басти пои зи шафақ дарнигор субҳ
Пайванди тирагӣ ба шаби ман зиёда шуд
Чандон ки баради теғи ду дамро ба кори субҳ
Аз чашми шӯр , хӯн шафақ шуд , ба хоки рехт
Ширӣ ки дошт дар қадаҳи зарнигори субҳ
Соиби замин пок кунад донаро гуҳар
Аз абри дида , қатра чанде бабори субҳ