Тарки ҷонон чун тавон аз теғ безинҳор дод ?

Пушт натавон баҳри захми хор бар гулзор дод

Чун маро май сӯхтии охир ба доғ давр бош

Чун сапанд аввал набоистӣ ба маҳфил бор дод

Баҳри дунё бо хасисони чарби нармӣ мушкил аст

Бӯсаи баҳр ганҷ натавон бар даҳон мор дод

Аз дами гарм таваккул мешавад соҳиби чароғ

Ҳар ки пушти хеш чун миҳроб бар девор дод

Шикваи мағрури мо бар хомшӣ оварад зӯр

Ҳар қадари моро сипеҳри сангдил озор дод

Он ки мебахшад ба хӯни мурдаи соиби зиндагӣ

наметавонад бахти моро дида бедор дод