Ғифлати дил аз шароб ноб мегардад зиёд
Тирагии ойӣнаро аз об мегардад зиёд
Чашму дилро пардаҳои хоб ғифлат ме шавад
Кам хирадро ҳар қадар асбоб мегардад зиёд
Шамъ дар фонӯси худро ҷамъ созад бештар
Нури дил дар гӯша миҳроб мегардад зиёд
Рўмтоб аз халқ дар давлат ки чун гардад баланд
Гармии хуршед ъолмтоб мегардад зиёд
Чашм мегирданд чун шабнами саропои аҳли дил
Ғофилонро дар баҳорон хоб мегардад зиёд
Шӯр олам нест моро монеъ аз ваҷду самоъ
Вақти тӯфони гардиш гирдоб мегардад зиёд
Хорхори шавқ ҳар касро ба дарё оварад
Аз хасу хошок чун сайлоб мегардад зиёд
Ташнагонро мегузорад наъл дар оташи сароб
Сӯзиши парвона дар маҳтоб мегардад зиёд
Олами об аз дили ман занги кулуфт май барад
Гарчи занги ойӣнаро аз об мегардад зиёд
Дар мақоми файз , ғифлати зӯр май орад ба ман
Хоби ман дар гӯша миҳроб мегардад зиёд
Шҳпри парвоз ҳам бошанд равшани гавҳарон
Нашоҳ май дар шаб маҳтоб мегардад зиёд
Шӯри дилҳо беш шуд соиби зхти сабзи ёр
Дар баҳорони чашмаҳоро об мегардад зиёд