Дили абаси чандини зи тақдир илоҳӣ ме тапад
намешавад қуллоби муҳкамтар чу моҳӣ ме тапад
зи изтироби дили дамӣ дар синаам ором нест
Баҳр бар ҳам мехӯрд чандон ки моҳӣ ме тапад
Нест осони баҳрро дар кӯзаи пинҳони сохтан
Орифонро дил ба асрор илоҳӣ ме тапад
Барқ агар гардад ба гирди каъба натавонад расед
Раҳнавардиро ки дил бар ҳар сиёҳӣ ме тапад
Чашми бад бисёр дорад дар камӣни асрори ишқ
Коҳро пайвастаи дил бар ранг коҳӣ ме тапад
Безарон аз дастбурди раҳзанон осӯда анд
Ғунчаро дил аз насим субҳгоҳӣ ме тапад
Партави хуршед чун теғ аз ниёами оради бурун
Зарраро дар синаи дил хоҳӣ нахоҳӣ ме тапад
Тӯҳфаи ҷурмӣ ба дастовар ки дар девони афв
Ҷони маъсӯмони зи ҷурм бигноҳӣ ме тапад
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд малик
Нур дар зулмат , сифедӣ дар сиёҳӣ ме тапад