Аз фусуни олами асбоби хобам май барад
Пеши пои як ҷаҳони сайлоби хобам май барад
Сабзаи хобидаро бедор созад об ва ман
Чун шавам маст аз шароби ноби хобам май барад
Аз серум то нагзарад мекам нагардад раъша ам
Ҳамчуи моҳӣ дар миёни оби хобам май барад
Дар мақоми файзи ғифлати зӯр май орад ба ман
Бештар дар гӯшаи миҳроби хобам май барад
Нест ғайр аз гӯшаи азлати маро ҷое қарор
Дар садаф чун гавҳари сероби хобам май барад ?
Ман ки чун ҷавҳар ба рӯй теғ дорам печу тоб
Кӣ ба рӯй сабзаи сероби хобам май барад
Пеши азин бар рӯй хоки тира оромам набӯд
Ин замон бар бистари санҷоби хобам май барад
Ғифлати ман аз шитоб зиндагӣ хоҳад фузуд
Рафтаи рафтаи зини садои оби хобам май барад
Изтироби роҳравро қурби манзил кам кунад
Дар канори ханҷари қассоби хобам май барад
Дар ҳарими васл ҳайрат мекунад ғофили маро
Дар чаман чун наргиси шодоби хобам май барад
Чун кабоб дар намаки хобидаи шӯри ман ба ҷост
Гоҳ гоҳегар шаби маҳтоби хобам май барад
Дорад аз лағзиши марои соиби гаронӣ бе насиб
Дар кафи ойӣна чун симоби хобам май барад