Хати лаби лаъли туро беоб натавонист кард
Нақш , кам об аз ақиқ ноб натавонист кард
Сӯхти хат ҳар чанд дар афсонаи пардозии нафас
Фитнаи чашми туро дар хоб натавонист кард
Биқрорӣ мешавад дар гавҳари афзӯни об ро
Васли дармони дил битоб натавонист кард
Дил нёсуд аз тапидан як нафас дар сина ам
Ҷои худро гарми ин симоб натавонист кард
Пардаи хобаши збидорӣ фузунтар ме шавад
Ҳар ки тарки олам асбоб натавонист кард
Зери гардуни умр мо бигузашт дар саргаштагӣ
Мавҷи лангар дар дил гирдоб натавонист кард
Бар лаби оби ҳаёт аз тишнагӣ ҷон ме диҳад
Гарми рафторӣ ки дилро об натавонист кард
Чун ба оби зиндагӣ нисбат кунам майро , ки ӯ
Ташнаеро бештар сероб натавонист кард
Рӯй гармӣ аз фалаки ҳаргизи насиб мо нашуд
Пушти моро гарми ин санҷоб натавонист кард
Аз аҷал парво намебошад дили бедор ро
Чашми анҷумро касе дар хоб натавонист кард
Чораи доғи дили парвонаи ҷонбоз ро
Марҳами кофурии маҳтоб нтўост кард
Оҳи мо аз пастии ин хокдон дар дили шикаст
Шамъи қомати рост дар миҳроб натавонист кард
То дили дарёии ваҳдати соиб аз битоқтӣ
Ҳеҷ ҷои ором чун сайлоб натавонист кард