Чораи ғифлати дил огоҳ натавонист кард
Ин каттонро пора аз ҳам моҳ натавонист кард
Кӣ шавад кӯтаҳ ба шабгири баланди ин роҳи давр ?
Печу тоби ин риштаро кӯтоҳ натавонист кард
Баъди умрӣ каз дараш нокоми гаштам рафтанӣ
Бе муруввати ҳимматӣ ҳамроҳ натавонист кард ?
Шуд зхти сабзи рози он даҳани пӯшида тар
Хизри иршоди ман гумроҳ натавонист кард
Кард моро оқибати ҳамвории душмани хароб
Сайли кори оби зер коҳ натавонист кард
Аз тазалзул беш муҳкам шуд баннои ғифлатам
Раъшаи перии маро огоҳ натавонист кард
Ихтиёрӣ ҳаст агар инсони оҷизро , чаро
Нақши худро ҳеҷ кас дилхоҳ натавонист кард ?
Аз касодӣ нест , каз бими ҳуҷуми муштарӣ
Юсуфи мо сари бурун аз чоҳ натавонист кард
Нури ҳасан ӯ ҳисорӣ аз хат мишкӣн нашуд
Ҳолаи тасхири фурӯғ моҳ натавонист кард
Танг кард азбс ки майдонро сипеҳри сангдил
Аз таҳи дили ҳеҷ каси як оҳ натавонист кард
Вой бар он кас ки бо умри сбкрўи ҳамчуи бод
Донаи худро ҷудо аз коҳ натавонист кард
Ҳола то қолаби тиҳӣ аз хештан соиб накард
Даст дар оғӯши васл моҳ натавонист кард