Ковуши мижгон ӯ дилро қиёмат зор кард

Хӯни гарми ин маст хоб олудро бедор кард

Сафҳаи ойӣна аз занги кудурати сода буд

Акси тӯтии ин уфуқро машриқ зангор кард

Чун занами мижгон ба якдигар , ки мижгони маро

Ҳайрати гулзор ӯ хори сар девор кард

намешавад пероҳани тани Юсуф гум карда ро

Ҳар ки чашми хешро аз гиря чун дастор кард

Дар забони ҳеҷ каси захм забон нагузоштам

Ҷилваи маҷнӯни ман ин даштро бехор кард

Чанд бошӣ дар шикасти корам эй гардун , бас аст

Устихонамро ҳуҷуми захм ҷавҳардор кард

Сахт тифлонааст ҷӯии шер овардани зснг

Кӯҳкани беҳудаи ҷонро дар сари ин кор кард

( ман ки бошам то намоями сӯрати аҳволи худ ?

Ҳайрати рухсор ӯ ойӣнаро саттор кард )

Ман ки соиб дар ватани ҳоли ғарибони доштам

Чун тавонад дарди ғурбат дар дили ман кор кард ?