Ҳар ки рӯи зини халқи ноҳамвор дар девор кард

Санглохи даҳрро бар хештан ҳамвор кард

Шуд абири ҷомаи Юсуфи ғубори дида аш

Ҳар ки чашми хешро аз гиря чун дастор кард

Чун ақиқ аз дили сиёҳии хӯни худро ме хӯрд

Дар талоши ном ҳар каси хешро ҳамвор кард

Зери дасту теғи қотили ҳайрати қурбониён

Зуд хоҳад Хизрро аз зиндагӣ безор кард

Хоби нози гул гарон хезаст , варна нола ам

Сабзаи хобидаи ин боғро бедор кард

Дар дили поками асар аз нақш натавон ёфтан

Ҳайрати саршори ин ойӣнаро саттор кард

Нест оби раҳм дар теғи сабки ҷавлони чарх

Хоб натавон зери ин шамшер безинҳор кард

Гар зчшм эътибор уфтад Зулайхо давр нест

Аз баҳои кам азизонро набояд хор кард

Хоби ман сад парда аз бахти ҳунар сангин тараст

Силии афлоки натавонади маро бедор кард

Банд некон мешавад аз носабурии сахт тар

Бар азизи Миср , зиндони чоҳро ҳамвор кард

Хӯни гулшан соиб омад аз хурӯши ман ба ҷӯш

Булбулонро нола мастонаам ҳушёр кард