Гарчи моҳи Мисрро домани Зулайхо чок кард

Гирди тӯҳмати чоки пероҳани зрўиш пок кард

Шуд зи оби теғи гирди хат аз он оризи баланд

Чун тавон ойӣнаро бо домантар пок кард ?

Дидаи бади даври бод аз рӯй отшнок ӯ

Каз хасу хори таманно синаамро пок кард

Оҳ каз гарданкашӣ чун теғи заҳролӯд , сарв

Тавқро бар қамарии ман ҳалқа фитрок кард

Азми содиқи рахна дар сад Сикандар ме кунад

Субҳ аз оҳии гиребони фалакро чок кард

Кош аз ғайбати даҳони хешро мекард пок

Он ки чандини поки дандони худ аз мисвок кард

Баҳри раҳматро чаро бояд ғуборолуди сохт ?

То тавон зошки надомати домани худ пок кард

Гар баёзи гардан миноӣ меояд ба даст

Дар дили шаб ме тавон файзи саҳар идрок кард

Бар нтобад танги зарфии луқма беш аз даҳан

Ташнаи моро дили пари хӯни гиребон чок кард

Гар кунад соқии мусалсали даври ҷоми бода ро

Чанд рӯзӣ ме тавон хӯн дар дил афлок кард

Нест ғайр аз уқдаи дили ҳосилии пайванд ро

Дар бариданҳо дилӣ аз гиряи холӣ ток кард

наме тавон аз зикри ҳақ то кард пари гавҳари даҳон

Ҳайф бошад аз ҳадиси пуч пурхошок кард

Осиёи сангдил бо дона гандум накард

Ончӣ бо хокии ниҳодони гардиш афлок кард

Гарчи соиб мечакад оби ҳаёт аз хома ам

Дом битавон аз ғубори хотирам дар хок кард