Ёди боди он беҳақиқатро ки ёд мо накард

Бар фалак шуд дӯди оҳи моу сар боло накард

Бӯсаҳо печид дар мактуби баҳри дигарон

Вази тарӣҳо номаи хушкӣ ба мо иншо накард

Гарчи омад нахлаш аз дасти дуои мо ба бор

Дар барӯмандӣ ба барги сабзи ёд мо накард

Гарчи гардидеми хоки роҳаш аз рӯй ниёз

Зери пои худ нигоҳ аз ноз ва истиғно накард