Дида чун тоби сафои он биногваш оварад ?

Шабнамӣ чун хирмани гулро дар оғӯш оварад ?

Дар гулистонӣ ки шамшод ту ояд дар хиром

Баҳри сарв аз тавқи қамарии ҳалқа гӯш оварад

Чашми мо бозича ҳар рӯй отшнок нест

Дег дар ёрои магари хуршед дар ҷӯш оварад

Мавҷ агар гоҳе ба соҳил мекашонад хеш ро

намекашад майдон ки дарёро дар оғӯш оварад

Ғунчаи тасвир аз мастии гиребон пора кард

То дили афсурдаи моро ки дар ҷӯш оварад

Аз гулоби субҳи маҳшар ҳам намеояд ба ҳуш

Ҳар ки дар оғӯши як шаб он бирав дӯш оварад

Соиб аз мо завқи айёми ҷавониро мапурс

Кист то дар хотири он хоб фаромӯш оварад